ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 1-уми апрел дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии наврӯзии донишкада меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ректорону директоронии донишкада ва донишгоҳҳои муътабари вилояти Суғд низ фаъолона ширкат намуда, ба шодии ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада ва кормандон шарик гардиданд.
Чорабиниро сардори раёсати таълим Осими Оқил ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Наврӯз ва анъанаҳои неки тоҷикон дар ин айём суханронӣ кард.
Сипас, дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, иброз дошт,ки дар мақоми байналмилалӣ касб намудани Наврӯз- ҷашни аҷдодиамон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург мебошад. Маҳз бо талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё карда шуд ва миллат ба саодат расид…
Таъкид карда шуд, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тайи ду ҳафта чорабиниҳои наврӯзӣ идома дошта, чорабинии имрӯза ҷамъбастӣ мебошад. Ректори Донишкада ба ҳамагон барои баргузории чорабиниву семинарҳо ва вебинарҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷизола Саидмуқбил дипломи докторӣ ва сардори раёсати таълим Осими Оқил дипломи дипломи дотсентиро, ки Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тақдим намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид роҷеъ ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва анъанаҳои наврӯзӣ маъруза намуданд.
Чорабинии наврӯзӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, кулли ҳозирин бо шодиву нишот Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони гурӯҳи “Ҷилои ёқут”- и донишкада ва ҳунармандони маъруфи вилояти Суғд барномаи рангини ҳунариву фарҳангӣ манзур карда шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба кулли баргузоркунандагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамагонро ба омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ барои баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва тарғиботӣ ба деканҳои факултетҳо Дипломи раёсати ДКМТ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот