ОБ-МАНБАИ ҲАЁТ ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАСЪАЛАИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ

Маълум аст, ки об яке аз неъматҳои бузурги табиат буда, асоси ҳаёт дар рӯи Замин маҳсуб меёбад. Ҳеҷ як мавҷудоти зинда бидуни об вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин рӯ, аҳамияти об на танҳо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, балки ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ низ хеле бузург аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз дошта буданд: «Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст».
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ мушкилоти навро ба миён овардаанд, масъалаи ҳифз ва идоракунии устувори об аҳамияти хосса пайдо кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони обӣ дар ин самт мавқеи пешсафро ишғол намуда, ташаббусҳои муҳими байналмилалиро роҳандозӣ намудааст.
Об на танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои рӯзмарраи инсон, балки барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат ва энергетика зарур мебошад. Тақрибан 70 фоизи рӯи Заминро об фаро гирифта бошад ҳам, танҳо қисми хеле ками он барои истифодаи мустақими инсон мувофиқ аст. Ин ҳолат зарурати муносибати эҳтиёткорона ва оқилонаро ба захираҳои обӣ ба миён меоварад.
Дар шароити имрӯза, мушкилоти норасоии об дар бисёр кишварҳо ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди шаҳрҳо, ифлосшавии манбаъҳои об ва тағйирёбии иқлим боиси кам гардидани дастрасӣ ба оби тоза гардида истодааст. Дар чунин вазъ, идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тақрибан 60 фоизи захираҳои обии минтақа дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор пирях, садҳо дарё ва кӯл мавҷуданд, ки нақши муҳимро дар таъмини оби нӯшокӣ ва рушди энергетикаи обӣ мебозанд.
Бо вуҷуди фаровонии захираҳои об, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи он диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро пиряхҳо, ки манбаи асосии об мебошанд, зери таъсири гармшавии глобалӣ қарор доранд ва тадриҷан об мешаванд. Ин раванд метавонад дар оянда ба норасоии оби тоза оварда расонад.
Қайд намудан зарур аст, ки дипломатияи об мафҳуми нисбатан нав буда, ба ҳамкории давлатҳо дар масъалаи истифода, ҳифз ва тақсимоти захираҳои обӣ ишора менамояд. Азбаски бисёре аз дарёҳо ва ҳавзаҳои обӣ фаромарзӣ мебошанд, истифодаи онҳо танҳо дар доираи як давлат имконнопазир аст. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозии сиёсати обӣ байни кишварҳо зарур мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари болооб дар минтақа, ҳамеша ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои обӣ буда, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро дастгирӣ менамояд. Сиёсати давлатии кишвар дар ин самт ба принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои якдигар ва рушди устувор асос ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳими вобаста ба масоили мубрами обу иқлим шинохта шудааст. Яке аз ташаббусҳои муҳим ин эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” мебошад. Ин иқдом таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи норасоии об ва зарурати ҳифзи он ҷалб намуд.
Минбаъд, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Ин барнома ба беҳтар намудани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошт равона гардида, дар доираи он як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардиданд.
Идомаи мантиқии ин иқдомҳо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018–2028) мебошад, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва истифодаи устувори захираҳои обӣ мебошад. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии об нақши фаъол дораду хостори ҳалли муаммои об ва иқлим мебошад.
Қайд намудан лозим аст, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пеш аз ҳама бо талошҳои роҳбарияти олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намудаанд.
Ин ташаббусҳо на танҳо барои ифшо намудани ҳадафи башардӯстонаи Роҳбари олии кишвар мусоидат менамояд, балки барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо низ аҳамияти калон доранд.
Бо вуҷуди дастовардҳо, дар соҳаи об ҳанӯз ҳам мушкилоти ҷиддӣ мавҷуданд. Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии манбаъҳои об ва истифодаи нодурусти захираҳо метавонанд ба амнияти обӣ таҳдид намоянд.Дар оянда, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ барои таъмини рушди устувор аҳамияти калидӣ доранд.
Ёдрас шудан зарур аст, ки об ҳамчун манбаи ҳаёт ва сарвати бебаҳои табиат дар рушди инсоният нақши ҳалкунанда дорад. Дар шароити муосир, ҳифз ва истифодаи оқилонаи он ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи аҳамияти ин масъала, ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуда, дар рушди дипломатияи об саҳми арзанда мегузорад.
Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт нишон медиҳад, ки ҳамкории созанда ва муносибати масъулона ба захираҳои табиӣ метавонад, заминаи рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии наслҳои имрӯза ва ояндаро фароҳам оварад.
Давлат ДАВЛАТЗОДА
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон