БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ -НАЗАРИЯВӢ ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

Дирӯз, дар хобгоҳи рақами яки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати тарбия оид ба баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ семинари илмӣ -назариявӣ дар мавзуи “Шоҳнома- асари безавол ва шиносномаи меҳнатдӯстӣ” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба тарбиявӣ Яҳёзода Рафиқҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар ва мақоми “Шоҳнома” суханронӣ намуд.
Сипас, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт дар мавзуи “Шоҳнома -шиносномаи ватандӯстӣ” суханронӣ намуда, мутолиа ин асари бузургро барои баланд гардидани тарбияи ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур донишҷӯён пораҳо аз достонҳои Шоҳномаи безаволи ҳаким Фирдавсӣ қироат намуда, роҷеъ ба ин асари безавол андешаҳои хешро иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот