Баргузории шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар Донишкада

Рӯзи шанбе дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъба мудири қисми хоҷагидорию маъмурӣ Азизов Қурбон иттилоъ дод.

Дар шанбегӣ омӯзгорону кормандон, бахши хоҷагидорӣ ва донишҷӯёни факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ ва металлургия ширкат намуданд.  Дар ҷараёни баргузории шанбегӣ ҳозирин гирду атрофи донишкадаро пурра поксозӣ намуда, заминро ба кишт омода сохта, дар ҷойҳои муайяншуда дарахтҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки шанбегии мазкур бахшида ба сазовор  истиқбол гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот