Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижа ширкат намуда, шаҳрвандонро қабул намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрвандон Азизов Рустамҷон ва Худойқулов Анварҷонро хуш қабул намуда, арзашонро пурсид. Маълум гардид, ки шаҳрвандон барои муайян намудани ҳолати фарзандашон ва гирифтани маълумоти расмӣ муроҷиат намудаанд.
Аз ҷониби роҳбарияти донишкада муроҷиати шаҳрвандон санҷида шуд ва аризаашон барои бозбиниву баррасӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад ва шаҳрвандон метавонанд бо тариқи номнавис ба шуъбаи умумӣ ва назорат муроҷиат намоянд.
