Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимонро баргузор намуд

Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишкада ҷаласаи навбатии Шуро бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар аъзоён баргузор гардид. Ҷаласаро ректори Донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд. 
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳо бояд тамоми омӯзгорону кормандон фаъол бошанд ва оид ба масъалаҳои муҳим саривақт вокуниш намоянд. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ин тарбия намудани насли ҷавон дар роҳи дуруст мебошад. Ба ҳамин далел мо бояд бештар ҷиҳати донишманду худшинос ва меҳнатдӯст шудани ҷавонон тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ диҳем.  Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мо саҳми назарраси худро гузорем. Силсилаи нашри китобҳои илмӣ ва дарсиро бахшида ба 35-солагии Истиқлолият ҷоннок намоем.

Сипас,  аз рӯи масъалаҳои якум сардори раёсати таълим Осими Оқил, аз рӯи масъалаи дуюм мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов Аҳрорҷон, аз руи масъалаи сеюм сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон ва аз рӯи масъалаи чорум М. Саидов ҳисобот доданд.  Раиси муҳтарами Шуро профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳисоботро қобили қабул эълон намуда, ҳалли бандҳои пешниҳодиро маъқул шуморида, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳамзамон анҷом додани корҳо дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҷоннок намудани корҳои илмӣ супориш дод.

Дар ҷаласаи навбатӣ   аъзои Шуро фаъолона баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои хешро иброз доштанд. 

Таъкид карда шуд, ки иҷрои қарори Шурои олимон, амалӣ намудани бандҳои нақша-чорабиниҳои самтӣ фаврӣ буда, ҷиҳати иҷро накардан ба шахсони масъул танбеҳӣ интизомӣ таъйин карда шавад.

Дар ҷаласаи имӯза 4 масъалаи асосӣ ва 8 масъалаи ҷорӣ баррасӣ карда шуд. 

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Назарматов Авазбек дипломи дараҷаи номзади илм ва ба Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа Патент оид ба ихтироотро тақдим намуда, эшонро ба ин дастовард табрик намуд. 

Шуъбаи иттилоот