ТАШРИФИ РОҲБАРОНИ ДОНИШГОҲУ ДОНИШКАДАҲОИ ОЛИИ ВИЛОЯТ БА ДОНИШКАДА

Имрӯз, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мӯминзода Шероз Абдуҷаббор, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол ва директори  МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ”  Нурзода Амирҷон ташриф оварда, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба муносибати ифтитоҳи кафедраи ЮНЕСКО дар Донишкада табрику таҳният гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Донишкада  кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Тадқиқоти захираҳои об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» таъсис дода шуд, ки барои ҳамкориҳо ва омӯзиши обу иқлим дар минтақа мусоидат менамояд. Ин дар Тоҷикистон ягона мебошад.

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ректорон ва директори муассисаҳои олии вилоят ҷиҳати ташриф ва табрикот изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд намуданд, ки таъсиси кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Тадқиқоти захираҳои об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» акнун метавонад, барои ташкили ҳавзаи илмӣ дар омӯзиши обу иқлим дар минтақа мусоидат хоҳад кард ва мо умед мебандем, ки тамоми олимони соҳа бо дар ин самт ҳакморӣ хоҳанд кард.

Таъкид намудан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии соҳавӣ дар кишвар буда, дорои беҳтарин озмоишгоҳҳои замонавӣ ва муосиру дақиқтарин ҷиҳати бурдани таҳқиқот оид ба обу иқлим мебошад.

Шуъбаи иттилоот