БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШКАДА

Дар толори шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 55-солагии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиҷорати электронӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ва деканҳову мудирону омӯзгорон ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи семинар, маърузаҳо ва ҳамзамон нақши Бахтиёр Маҳмадлӣ дар рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки бо ташаббуси профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ Донишкада ба марҳилаи нави рушд гузашта, дар ин давра ба кулли тағйир ёфт ва ободкориву созандагӣ дар ин давра ба авҷ расид. 

Ӯ таъкид намуд, ки Бахтиёр Маҳмадалӣ аз беҳтарин ректорон ва беҳтарин устодон аст, ки барои дастгириву ғамхорӣ ва рушди Донишкада доимо талош менамояд.

Ҳамзамон дар семинари имрӯза муовини ректор оид ба кори илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза дар мавзуи “Таърихи рушди геология Тоҷикистон дар замони гузашта”. омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиҷорати электронии Тоҷикистон”, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳро дар мавзуи “Фаъолияти кории Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ” маъруза намуданд. 

Дар семинари имрӯза ҳамчунин муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар мавзуи  “55-соли омӯзиш ва хидмат ба халқу миллат” ва деканҳои факултет дар мавзуи “Бахтиёр Маҳмадалӣ -роҳбар ва олими варзида” маъруза намуданд.

Дар интиҳо ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба ҳозирин ҷиҳати суханони воло ва маърузаҳои илмӣ изҳори сипосмандӣ намуд ва изҳор дошт, ки то ҳаст барои рушди Донишкада саҳми арзандаи хешро мегузорад.