Дирӯз, дар майдончаи хурди назди хобгоҳи донишҷӯён чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ баргузор карда шуд, ки дар он ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон ва дигар кормандону омӯзгор ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, гузаштан аз мактаби мардонагиро қадами бузург ва иқдоми наҷиби ҷавонмардӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, роҷеъ ба барномаи чорабинӣ ва мақсади баргузорӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуд.
Дар чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор карда шуд, донишҷӯёни ғолиб бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи ташкили ҳамлу нақли факултети металлургия баргузор карда шуд.
