Санаи 10-уми феврали соли 2026 Созишнома ҷиҳати таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Таҳқиқоти об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби директори генералии ЮНЕСКО Холид Эл-Анани ба имзо расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз садорати факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав иттилоъ доданд.
Санаи 12-уми феврал дар Донишкада маросими расмии баимзорасонии созишнома аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки ин оғози фаъолияти расмии Кафедраи ЮНЕСКО дар доираи Барномаи UNITWIN/UNESCO Chairs дониста мешавад.
Дар ин маросим роҳбарияти Донишкада ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ ширкат намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ ба масъалаҳои аҳамияти рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳсилоти экологӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки кафедраи ЮНЕСКО дар назди ДКМТ ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ҷиҳати дастгирӣ ва мусоидат барои таъсиси кафедраи ЮНЕСКО роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба роҳбарону масъулони Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО–и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шарикони миллӣ ва байналмилалӣ изҳори сипос менамояд.
Таъсиси кафедраи ЮНЕСКО нуфузи байналмилалии донишкадаро тақвият бахшида, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба об ва рушди устувор боз ҳам таҳким мебахшад.

