МЕДАЛИ ҶАШНӢ ХУҶАСТА БОД УСТОД МИРЗОЗОДА ВОҲИДҶОН!

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Мирзозода Воҳидҷон бо медали ҷашнии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Иттифоқи муттаҳидаи касаба, ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷонро ба ин дастоварди баланд табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Мирзозода Воҳидҷон ҳамчун олими ҷавон ва умедбахш дар рушди илм ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар Донишкада саҳми арзанда гузоштааст.
Медали ҷашнӣ, дастоварди ҳарбӣ хуҷаста бод устоди арҷманд Мирзозода Воҳидҷон!