ҒОЛИБИЯТИ ВАРЗИШКОРОНИ ДОНИШКАДА ДАР БАЙНИ ДАСТАҲОИ ВАРЗИШИИ МУАССИСАВУ КОРХОНАҲОИ ШАҲРИ БӮСТОН

Дар толори варзишии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии волейбол байни корхонаву муассисаҳо ва қисмҳои низомӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ва қадрдонии ғолибон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ суханронӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ ба барои ширкати фаъол, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани усулҳои муосири тарғиби варзиш Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва як қатор омӯзгорон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
и ещё 2