Ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ифтитоҳи “Рӯзҳои фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар Донишкада

Дар кафедраи математикаи олӣ ва  зеҳни сунъии факултети зеҳни сунъӣ ва  технологияҳои нав Рӯзҳои фанҳои дақиқ ва риёзӣ  ифтитоҳ карда шуд, ки дар он ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, мудири кафедраи  математикаи олӣ ва  зеҳни сунъи Туев Шоҳин ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин олимпиада аз фанни технологияҳои иттилоотӣ ва математика дар утоқи озмоишгоҳи зуҳни сунъӣ баргузор карда шуд, ки қабл аз оғоз ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ба иштирокдорони олимпиада барору муваффақият таманно намуд. Мавсуф иброз дошт, ки ба ҳар як ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ то 7000 сомонӣ маблағ ҳамчун ҳадя ҷудо карда шудааст, ки барои донишҷӯён барои омӯзиш ва худрушддиҳӣ мусоидат менамояд. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мудири кафедраи математикаи олӣ ва  зеҳни сунъӣ  Туев Шоҳин ҷиҳати баргузор намудани ин чорабинӣ ва ҳамзамон доимо фаъол будан изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки тамоми омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ шоистаи таҳсин ва тавсиф ҳастанд, ки доимо фаъолона барои рушди Донишкада талош мекунанд. Фаъолияти кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ доимо назаррас буда, баҳои баландро сазовор мебошад.

Шуъбаи иттилоот