Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои факултети корҳои кӯҳӣ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҳалли муаммои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо истифодаи технологияи муосир” баргузор гардид. Дар семинари илмӣ-амалӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯзахон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой ва дигар профессорону омӯзгорон ширкат намуданд.
Дар семинар ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзуи “Истифодаи технологияи муосир дар раванди бойгардонӣ”, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат дар мавзуи “Ҳалли мушкилоти геология ва коркарди конҳои канданиҳои фоиданок “, декани факултети корҳои кӯҳӣ дар мавзуи “Коркарди канданиҳои фоиданок -сарчашмаи рушди саноат”, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳоб дар мавзуи “Истифодаи оқилонаи канданиҳои фоиданок дар шароити муосир” ва омӯзгори ҳамин кафедра Бадалов Ҷамолиддин дар мавзуи “Бойгардонӣ ва истифодаи мақсадноки конҳои канданиҳои фоиданок” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, минҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам, ванадий ва дигар маъданҳои нодир ошкор ва қисман барои коркард омода карда шудаанд, ки ин раванд барои рушди соҳа ва равнақи кори саноат мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки факултети корҳои кӯҳӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
