Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба олими ҷавон, омӯзгори фаъол мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер сертификати Донишгоҳи давлатии технологии Беларусро тақдим намуд.
Сертификати мазкур барои ширкати фаъол дар 90-ум конфронси ҳайати профессорию омӯзгории ДДТБ ба Ҳоҷибоев Далер тақдим карда шуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз фаъолияти Ҳоҷибоев Далер ҳамчун ҷавони фаъол ва омӯзгори варзида тавсиф намуда, фаъолияти ӯро дар рушди илму маориф муассир арзёбӣ намуд.
Ҳоҷибоев Далер аз омӯзгорони фаъол ва мутахассисони варзидаи Донишкада буда, дар соҳаи экология, обу иқлим пажӯҳиш мегузаронад ва феълан ҳамчун коршиноси байналмилалӣ шинохти касбӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо 6 донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Беларус шартномаи ҳамкорӣ дораду миёни ҳайати профессорию омӯзгорӣ мубодилаи таҷриба сурат мегирад.
Шуъбаи иттилоот
