Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯи варзишкор ва муваффақи Донишкада Бегзода Раҳмиддин, ки дар мусобиқаи Панкратиони вилояти Суғд ширкат варзида дар вазни 62 килограмм соҳиби ҷойи аввал гардид, Ифтихорномаи Федератсияи Панкратиони вилояти Суғдро тақдим намуд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ байни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳамин Федератсия баргузор карда шуд, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори кишвар варзишкорон ширкат намуданд.
Бегзода Раҳмиддин аз донишҷӯёни фаъоли факултети металлургияи Донишкада буда, ҳамчун варзишкори ҳирфаӣ шуҳрати беандоза дорад.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба Бегзода Раҳмиддин изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки мо ҳамеша ҷавонони фаъол, ватандӯсту варзишкорро қадр менамоем ва ҳатман зери сарпарастии Раёсати Донишкадаи қарор медиҳем.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва шуъбаи ҷавонон ва варзиш фаъолият дорад, ки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш ҳамеша корҳои таблиғотиву омӯзишӣ мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкада барои машғул шудан ба варзиш ва тамрину гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ тамоми шароит муҳайё мебошад ва дар ин ҷо устодони дорои дараҷаи баланди соҳаи варзиш ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Шуъбаи иттилоот
