Дар Донишкадаи қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муроҷиати хаттии 3 шаҳрванд ва як нафар шаҳрванд Раҳимова Фирӯза шахсан ҳузур пайдо намуда, ба таври шифоҳӣ оид ба пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат намуд.
Дар қабули шаҳрвандон муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон ширкат намуданд.
Тибқи қоида ва қонунгузории амалкунанда муроҷиати хаттии 3 шаҳрванд пурра қонеъ карда шуда, ба шаҳрванд Раҳимова Фирӯза барои пайдо намудани ҷойи корӣ ваъдаи вақт дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор карда мешавад ва хоҳишмандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот
