Имрӯз, дарси кушоди олими ҷавон, иқтисодшиноси варзида, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дотсент Саидов Мустафохон аз фанни “Муҳосибот ва аудит” баргузор гардид.
Дотсент Саидов Мустафохон дарсро ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Гурӯҳбандӣ ва амалиётҳои ҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳои саноатӣ” барои донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси 270101-09- иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот сухан гуфта, ба донишҷӯён мавзуро бо овардани мисолу иқтибосҳо пурра шарҳ дод.
Дар дарси кушоди олими ҷавон, омӯзгори ботаҷриба ва дорои малакаву усулҳои муосири таълим декани факултети металлургия дотсент Раҳимзода Шукринисо, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Юсупов Хуршед, муовинони декани факултети металлургия Қодирова Маҳина, Бақоев Беҳзод, мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Ҷалолзода Айёмиддин, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ Холов Зафар, профессори кафедраи фанҳои умумитехникӣ Баҳодуров Ш., омӯзгори ҳамин кафедра Усмонов Шермат, омӯзгорони кафедраи экология Наима Қаҳҳорӣ, Ҳоҷиён Мирзошокир, омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Раҳматов Абдумавлон ва дигар омӯзгорону собиқадорон ширкат намуданд.
Ҳозирин ба тарзи дарсгузарӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим, овардани мисолу роҳҳои ҳалли масъала аз ҷониби дотсент Саидов Мустафохонро баҳои баланд дода, пешниҳод намуданд, ки чунин усули баргузории дарс дар дигар кафедраҳо низ истифода бурда шавад.
Саидов Мустафохон аз олимони ҷавон ва меҳанпарасти Донишкада буда, муаллифи зиёда аз 7 китоби дарсӣ ва 93 мақолаи илмӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ яке аз кафедраҳои пешқадами Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар назди 9 корхонаи саноатӣ ва 3 бонки ҷумҳуриявӣ филиалҳои худро ифтитоҳ намудааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки раванди таълим дар Донишкада тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самт кор дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.


