НАВИДИ ХУШҲОЛКУНАНДА АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИФИ МАҚОЛАИ УСТОД ЗИЁМИДДИНОВ БАҲОДУР

Аз кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкада иттилоъ доданд, ки мақолаи устоди ҳамин кафедра дотсент Зиёмиддинов Б.М. дар мавзуи “Татбиқи муодилаҳои интегро- диференсиалӣ дар ҳисобкуниҳои дугоникҳои ададӣ ” дар яке аз маҷаллаҳои илмии Британияи Кабир барои ба нашр роҳ ёфтан, соҳиби сертификат гардидааст.
Дар ин бора дар шабакаи идории маҷозии Донишкада низ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат устодро табрик гуфта, чунин навишт : “…Ба устод, аҳли кафедра ва факултет таҳният мегӯем”.
Зиёмиддинов Баҳодур аз математикони пешқадам, олими фаъол ва пешгоми Донишкада буда, барои таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда гузоштааст.
Мавсуф муаллифи зиёда аз 7 китобу дастури таълимӣ ва 80 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар кишвар ва берун аз он ба табъ расидаанд.
Барои дотсент Зиёмиддинов Баҳодур дар фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ ва тарбияи насли ҷавон барору муваффақият таманно менамоем.