Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо масъулони як қатор сохторҳои Донишкада ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Азизов Қурбон, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисо ва дигар кормандони бахши хоҷагидориву сохтори тарбия, бахши хобгоҳҳо ширкат намуданд.
Давлатзода Давлат роҷеъ ба масъалаҳои таълиму тарбия, хоҷагидорӣ, бахши хобгоҳҳо, ҳолати беҳдошт, тартибу интизом, ширкати донишҷӯён ба дарсҳо, баргузории корҳои ободониву созандагӣ, ҷоннок намудани кори сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ -экстремистӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз ҷаҳолатпешагиву хурофотпарастӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ватандӯстона, таҳкими ҳуввияти миллӣ, ҳамкорӣ бо волидон, таъмиру таҷдиди маҷлисгоҳи калони Донишкада, баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо чеҳраҳои саршинос, аҳли илму фарҳанг, гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди тарбиявӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ислоҳи камбудҳо сухан ронда, изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар мо муроҷиат карда чунин дастур дода буданд: “Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо назардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд”.
Аз ин лиҳоз, мо бояд бештар талош кунем, то насли босаводу бомаърифат, ватандӯсту меҳнатдӯст ва масъулиятшиносу арҷгузор ба арзишҳои миллиро тарбия намоему бар бозори меҳнат ирсол намоем, то дар рушди ватани азизамон —Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро гузоранд. Мо, масъул ҳастем, ки ҷавононро дар рӯҳияи баланди инсонӣ ва ватандӯстиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоем, барои онон тамоми шароитро фароҳам оварем.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар давоми як ҳафта тамоми камбудҳоро бартараф намуда, монеаҳоро рафъ сохта, аз натиҷаи кор ба роҳбарияти Донишкада ба таври хаттӣ гузориш пешниҳод намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа пас аз вазифагузориҳо муовини аввали ректор Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки мо бояд содиқ бошем ва ҳар лаҳза шукри истиқлолу озодӣ ва шукри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намоем, ки доимо ғамхору дилсӯзи мо аҳли илму маориф ҳастанду барои ояндаи насли ҷавон ғамхорӣ менамоянд.Ҷавобан, ба ин ҳама ғамхориҳои пайваставу доимии Сарвари хирадманди давлат моро зарур аст, ки тамоми неруи хешро барои таълиму тарбияи насли ҷавон равона созем.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов



