Санаи 10-уми феврали соли 2026 тибқи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.01.2025, Раиси Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи хабарнигорону рўзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ рўзноманигорону хабарнигорон аз нашрияҳои «Ҳақиқати Суғд» Файзуллохон Обидов, «Суғд Ҳақиқатӣ» Турсуной Дӯстматова, “Садои мардум”, “Народная газета” Мирзоаъзам Мақсудов, радиои “Замон” Абдулҳамид Ҷӯраев, Оҷонсии иттилоотии “Спутник” Қамари Аҳрор, нашрияи расмии “Омӯзгор” Нуъмон Раҷабзода, ТВ СМ1-Мафтуна Шукурова, “Суғдпресса” Алишери Толиб, “Тирози ҷаҳон”-Мавзуна Ваҳоббова, Таҳмина Аюбова, “Радиои озодӣ” Фарзон Муҳаммадӣ, “Азия+” Фарзона Муродӣ, ҳафтаномаи “Тоҷикисон” Фарзона Шамсиева, “Радиои Шаҳри ман” Ниёзова Мавзунахон, нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокатхон Юсупова, ТВ “7 ситора” Шамсиддин Наврӯззода, нашрияи ҳизбии “Сухани халқ” сармуҳаррир Аҳмадзода Ёсуман, ТВ “Суғд” Фахриддин Ҷалолиддинов, радиои “Суғд” Осими Оқил, рӯзноманигори мустақил Тилав Рауслзода ва блогер Некрӯз Қаюмов ширкат варзиданд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои донишкада ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти яксолаи донишкада иттилоъ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноати геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд. Мусаллам аст, ки самти фаъолияти донишкада ба соҳаи саноат сахт вобастагӣ дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт хеле мушкил мебошаду аз омӯзгорон заҳмати дучанд талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида ва таҷрибадор дар соҳаи геологияву металлургия ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Анқариб 69 фисади омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд.
Дар давоми соли 2025 дар донишкада ҳамагӣ 102 маротиба дарсҳои кушод ташкил карда шуд, ки барои такмили таҷрибаи педагогии устодон мусоидати фаъол намуд.
Таъкид карда шуд, ки дар соли 2025 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети нави сеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ-таҳлилӣ таъсис дода шуд.
Иштирок ба дарси ҳамдигарӣ низ як рукни иҷроиши уҳдадории хизматии омўзгор дар самти беҳсозии сифати машғулиятҳо ба шумор меравад. Тибқи ҷадвале, ки дар оғози соли таҳсил тасдиқ карда шуд дар ҳар кафедра иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Дар давоми соли 2025 дар маҷмуъ 463 маротиба иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳар як машғулияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамчунин, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуд, ки Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, ки бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ оиди таҷрибаомӯзӣ баста шудааст, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 65 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶММТАКМ “Анзоб” ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶС “МНА – 33” ва ғайраҳо.
Бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” ва ҶДММ “Тоҷфилиз” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд. Ҳамзамон, бо корхонаҳои ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба дастовардҳо дар соҳаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сухан ронда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар омӯзгорон рисолаи докторӣ ва 5 нафар номзадиро дар самти иқтисодиёт, забон ва адабиёт ва техникӣ ҳимоя намуданд. Дар соли 2025 омӯзгорони донишкада 8 патент гирифтанд:
Тибқи нақша ва ҷадвали баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз тарафи ректори донишкада тасдиқ гардидааст, бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва ғайра якчанд чорабиниҳои илмӣ аз ҷумла 7 конференсия аз ҷумла 4 конференсияи байналмилалӣ ва 128 семинари илмӣ гузаронида шуд.
Дар назди кафедраҳо 18 маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯёни доимоамалкунанда фаъолият менамоянд: «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», “Дустдорони автомобил” “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, “ Ганҷи хирад”, “ Ал-ҷабр”, “ Химикони ҷавон”, “ Илм ва ҳаёт”, “Муҳосибони муосир”, “Эҷодкорони техникӣ”, «Нафтчӣ», “Ганҷшинос”, “Маркшейдерони ҷавон” ва “Муҳосибони муосир”, ки ба онҳо донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шуаанд ва онҳоро ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд. Умуман дар донишкада 143 маҳфил дар давоми соли тақвимӣ гузаронида шуд.
Ногуфта намонад, ки донишкада бо 64 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба фаъолияти сохтори тарбия суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки тарбия яке аз рукнҳои муҳим мебошад ва барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби масъулини сохтори тарбия тарбия ва кор бо ҷавонон 116 мулоқот бо донишҷӯён ва 118 чорабинӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳузури меҳмонон ва масъулон дар факултетҳои муассиса гузаронида шуд.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани соли тақвимӣ ба роҳбарияти сохтори таълим, тарбия, илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Давлат, Мирзозода Воҳидҷон, Раҳимова Шаҳнозахон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба кори онон баҳои баланд дод.
Дар қисмати охири нишаст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба 19 саволи намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Россия, ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои ҶМЧ, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, хатмкунандагони донишкада, пешгирии ҷинояткорӣ, ифтитоҳи факултети муштарак бо донишгоҳҳои хориҷӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин, оид ба баланд намудани ҳавамандиҳо барои олимони ҷавон, иҷроиши нақшаи қабул, нақшаҳои оянда ва сафарбарнамоии донишҷӯён ба сафи ҚМҶТ посух дода, ба рӯзноманигорон ҷиҳати ширкати фаъол изҳори миннатдорӣ баён кард.
шуъбаи иттилоот
М. Саидов

