БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъбаи хоҷагидорию маъмурӣ Азизов Қурбон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни баргузории шанбегӣ тамоми атрофи бинои Донишкада, хиёбонҳо, боғот ва роҳравҳо пурра аз гарду чанг, алафҳои худрӯй ва хазонбарг пок карда шуд.
Дар шанбегӣ тамоми ҳайати раёсати Донишкада ва кормандони бахши хоҷагидорӣ ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот