Имрӯз дар кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарии факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии заргарон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Заргарӣ аз санъати қадими миллати тоҷик” баргузор гардид. Дар семинар ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт ва дигар сардорони шуъбаву раёсатҳо, мудирон ва омӯзгорон фаъолона ширкат намуданд.
Семинарро мудири кафдари металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барнома ва мақсади баргузории чорабинӣ изҳори андеша карда, сипас риштаи суханро ба ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба Рӯзи байналмилалии заргарон” табрику таҳният гуфта, изҳор доштанд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик дар замони ба даст овардани истиқлолият дубора фароҳам гардид. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумиву қадимии мо дубора эҳё карда шуд. Набояд фаромӯш кард, ки санъати заргарии тоҷик таърихи беш аз 1000 — сола дорад ва аз нав эҳё намудани он ёде аз санъати ҳазорсола мебошад, ки тавассути он ҳазорон ҷойи нави корӣ пайдо гардида, санъати асили заргарии тоҷик аз сари нав ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад. Мардуми сарбаланди тоҷик аз замонҳои хеле қадим ба ҳунарҳои заргарӣ, бофандагӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, кандакорӣ, кулолӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, намадрезӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сандуқсозӣ, ҷуроббофӣ, гаҳворасозӣ, наққошӣ, дуредгарӣ, чармгарӣ, сабадбофӣ, бурёбофӣ, камзӯлдӯзӣ, кафшдӯзӣ, кордсозӣ, қафассозӣ, қуроқдӯзӣ, лӯхтаксозӣ, мӯзадӯзӣ, наългарӣ, созтарошӣ, танӯрсозӣ, хаттотӣ (хушнависӣ), ҷомадӯзӣ, шерозабофӣ, табақтарошӣ, санги осиётарошӣ, шонасозӣ, гулбандии (гулбаст) худ машҳури ҷаҳон гардида буд. Дастгирии давлатӣ ба ин соҳа бори дигар исбот месозад, ки давлату ҳукумат зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди миллат ва эҳёи арзишҳои он талош менамояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати эҳёи санъати заргарӣ ва дубора ривоҷ додани он дар Донишкада як қатор тадберандешиҳо сурат гирифтааст ва барои омода намудани мутахассисони ҷавони заргар тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. ..
Дар семинар ҳамчунин, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт дар мавзуи “Баланд бардоштани сатҳи омодагии донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ассистенти ҳамин кафедра Хоҷаева Ф.Ғ. дар мавзуи “Санъати филигран: хусусиятҳои техникӣ ва технологӣ” ва лаборанти кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣНазарова Ш.Х. дар мавзуи “Усулҳои муосири сохтани ангуштаринҳо дар саноати заргарӣ” маъруза намуданд.
Дар фароварди семинар намунаи ҳунарҳои заргарони Донишкада ба намоиш гузошта шуд, ки мақбули ҳамагон гардид.
