МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ЯКУМ

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёни бахши якуми факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ, металлургия, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи мулоқот, раванди таълиму тарбия дар Донишкада, тарбияи ватандӯстӣ суханронӣ намуд.
Сипас, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба хештаншиносиву масъулиятшиносӣ, ватандӯстиау садоқатмандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши илму дониш, донистани забонҳои хориҷӣ, омӯзиши касбу ҳунар, зиракии сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, машғул шудан ба тарзи ҳаёти солим ва мутолиа асарҳои бадеӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин ибрози андеша намуданд: “Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем”…
Мавсуф изҳор дошт, ки вазифаи ҳар як нафар донишҷӯ ин пеш аз ҳама хубу аъло хондан, боодобона рафтор намудан, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон, аз паёмадҳои нохуши ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангӣ ва ҳифзи амнияти забонӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки ҳар як донишҷӯ бояд эҳтиёткор, зираку ҳушёр бошаду вақти зиёди худро бар омӯзиш сарф намояд.
Ректори Донишкада иброз дошт, ки мо ҳаракат менамоем, то беҳтарин шароитро барои Шумо-донишҷӯён фароҳам созем ва ҷавобан ба ин Шумо бояд хубу аъло хонед ва мутахассиси варзидаи соҳаи худ гардед.
Дар мулоқот профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯёнро бо роҳи рост ҳидоят намуда, бар онон барору муваффақият ва комёбиҳои беназирро таманно намуд.
Дар фарҷоми вохӯриву мулоқот донишҷӯён ба роҳбарияти Донишкада таклифу пешниҳодҳои худро ироа намуда, бар ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар омӯзгорону кормандон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар мулоқоти имрӯза декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети металлургия Собирова Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат ва ҳайати кормандони сохтори тарбия низ ширкат намуданд.
Шуъбаи иттилоот