АЁДАТИ БОШАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ РАҚАМИ 40-и ШАҲРИ КОНИБОДОМ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

Имрӯз, дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Иттифоқи касаба зери роҳбарии ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати кормандон ба мактаб-интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом ташриф бурда, дар арафаи таҷлили соли нави милодӣ ба бошандагони мактаб- интернати мазкур маҳсулот ва маводи хӯроквориву ширавориҳо, сабзиҷоту мевагиҳо ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Ҳамчунин, барои аҳли мактаб – интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом аз ҷониби ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада дастархони идона ороста, барномаи рангини ҳунарӣ низ манзур карда шуд.
Дар чорабинӣ, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ,  муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори раёсати таълим Осими Оқил, муовини сардори шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом суханронӣ намуда, бошандагони мактаб-интернатро ба Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сарбаландиву саодатмандӣ ва хониши хубу аъло таманно намуданд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, бошандагони мактаб- интернатро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки мо ҳамчун пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор ҳастем, ки дар ҳама ҳолат бар Шумо тифлон, наврасон дасти мадад дароз намоем ва аз вазъи Шумо фарзандон хабар бигирем. Шумо ин нуктаро фаромӯш насозед, ки доим дар зери ғамхориву нигоҳубини Роҳбарияти муҳтарами кишвар қарор доред ва ҳар мушкиле доштед, ба мо муроҷиат намоем.

Сипас, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ мутолеа намудани асари бузург Шоҳномаро ба ҳамагон тавсия дода,  аз Шоҳномаи безаволи ҳаким Фирдавсӣ порчаҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро шод гардонид.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ ректори Донишкадаро ҳамроҳӣ намуданд, муовини аввали ректор  Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандгон Деҳқонов Дилшод,  сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, декани факултети электромеханика профессор Қозизода  Камолиддин, декани факултети металлургия дотсент Собирова Шукринисо, декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳрат ва муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Саидов Анвар, муовини декани факултети электромеханика Кенҷаев Шӯҳрат,  омӯзгори  кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Абдураҳмонова Азизахон, омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз, омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Холбоев Рафиқҷон, омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Хӯҷамов Санъат, омӯзгорони кафедраи геолгия ва корҳои маркшейдерӣ Тоҳиров А., Раҳимов Ҷасур , кормандони аъол Ахмедова Гулшан, Ҷабборова Мавзуна ва дигарон  ширкат намуда, табъи бошандагони мактаб- интернатро хушҳол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кӯмакҳои доимии Донишкада ва Иттифоқи муттаҳидаи касаба ҳамеша дар арафаи иду айём ва ҷашнҳои расмии кишвар ба ин мактаб -интернати шаҳри Конибодом  расонида мешавад.

Шуъбаи иттилоот