Тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон доимо дар афзоиши талаботи сӯзишвории энергетикӣ ва дигар намудҳои ашёҳои минералии ҳамроҳкунанда вобаста мебошад. Истеъмоли металлҳои ранга ва ҳамроҳкунанда дар муддати 100 сол ба 3-5 маротиба зиёд шудааст. Дар садаи XXI бо шиддат афзоиши истеъмоли ҳамаи намудҳои ашёҳои минералӣ боло рафта истодааст. Танҳо дар 50 соли минбаъда талаботи маъдани оҳан – ба 1.4-1.6; алюминий 1.5-2.0, мис 1.5-1.7, никел 2.6-2.8, руҳ 1.2-1.4, дигар намуди ашёҳои минералӣ 2.2-3.3 маротиба зиёд мешаванд. Гузашта аз ин дар 50 соли охир ҳаҷми корҳои куҳии истихроҷкунанда зиёда аз 5 маротиба афзоиш ёфтааст.[1]
Инкишофи асосии мамлакат бо миқёс ба бемаҳдудияти коркарди ашёи хом вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар равиши асосии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти инкишофи мамлакат чунин омилҳо таъсир мерасонанд: дарёфти техникаи нави коркард, равиши гидрометаллургӣ, бисёркарата афзоиши истеҳсолоти меҳнат, самаранок истифодабарии ашёи хоми минералҳо, кам кардани истифодаи қувваи барқ ва маводҳо, хуб гардонидани ҳифзи муҳити зист. Рушди илм ва техника пеш аз ҳама ба истифодаи металлҳои ранга алоқаманд аст.[1]
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф ва илм низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки давлатҳои пешрафтаи дунё аз руй овардан ба ин соҳаи афзалиятнок ва аз фуруши идеяҳои олимону донишмандони худ ва натиҷаҳои ихтирооту кашфиёти техника ва технологияи нав ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии худро пайваста боло мебаранд. Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти милли барои солҳои минбаъда муайян гардида, дар қатори дигар масъалаҳо оид ба зарурати омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои рангаи ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд.
Дар замони ҳозира саноати кӯҳӣ ва металлургӣ соҳаи муҳимтарин дар мамлакат ҳисоб меёбад.[1] Конҳои металлҳои рангаи Тоҷикистон дар ҷойҳои душворгузари кӯҳ воқеъ гаштаанд ва хусусияти комплексӣ доранд. Дар водии Зарафшон яке аз корхонаҳои калони коркарди сурмаю симоб – комбинати Анзоб вуҷуд дорад ва маҳсулоти он ба шакли консентрат ба заводи металлургии Ҳайдаркон (Ҷумҳурии Қирғизистон) фиристода мешавад. Танҳо дар шаш кони сурмаи водии Зарафшон 80%-и захираи сурмаи Осиёи Марказӣ маҳфуз аст.
Корхонаи муштараки истеҳсоли тиллои «Зарафшон» сол аз сол ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуда истодааст. Ин корхона дар базаи конҳои Тарор, Ҷилав ва Ғиждарва истеҳсоли тиллои холисро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои нуқра дар ҷаҳон ҷои сеюмро мегирад. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда дар базаи Кони Мансур бо назардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ ба нуқра сохтмони корхонаи бузург дар назар дода шудааст.
Корхонаи асосии металлургияи рангаи ҷумҳурӣ Заводи алюминии тоҷик мебошад. Заводи алюминий яке аз корхонаҳои калонтарини ҷаҳон буда (12 корпус дорад). Зиёда аз 90%-и маҳсулоти корхона навъи аъло аст. Корхона бо қувваи барқии арзони нерӯгоҳи барқии обии Норак кор мекунад. Алҳол ашёи хомро барои корхона аз дигар кишварҳо бо нархи аз 300 то 350 доллар аз як тонна меоранд. Баъди аз худ шудани кони нефелину сиенити Турпӣ (ноҳияи Рашт) завод бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегардад.
Корхонаҳои металлургияи ранга (ғайр аз истеҳсоли алюминий) фақат зинаи истихроҷкунии маъдан, майдакунӣ ва пурбаҳрагардонии маъдан вуҷуд дорад. Маҳсулоти асосӣ – консентрати металҳои ранга мебошад. Консентрат то замони Истиқлол ба корхонаҳои металлургияи рангаи Ўзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешуданд. Дар заводҳои металлургӣ аз ин консентрат ғайр аз металлҳои ранга, металлҳои нодир ва қиматбаҳо низ ҷудо карда мешаванд. Алҳол дар корхонахҳои металлургияи ранга: рўҳ, симоб, сурб, сурма, волфрам ва ба тарзи иловаги висмут, мис, қадмий, нуқра, молибден, қалъагӣ ва дигар металлҳои нодир ва пароканда истеҳсол карда мешаванд. Асоси ин соҳаҳо афзудани шароити иқтисодӣ ва беҳтар намудани шароити мамлакат мебошад. Ҳаҷми истихроҷи тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир беш аз 4 маротиба афзудааст: аз 2000 кг дар соли 2014 то ~ 8100 кг дар соли 2019.
Тилло ва хӯлаҳои онро хеле зиёд барои омода сохтани васлкунандаҳои техникаи ҳассосияти камдошта истифода мебаранд. Хуб барқгузаронӣ ва оксиднашавандагии тилло кори олии васлкунандаҳо ва мудати дароз коршоямии онҳоро таъмин менамояд. Ба намуди рӯйпӯши нозук дар шиша, сафолот – тилло ба сифати таҷҳизотҳои электронӣ, элементҳои нимноқил, микросхемаҳо барои гузаронидани ҷараёни барқӣ истифода мешавад. Гаронбаҳотарин хусусиятро дар кафшергарии онҳо таъмин мекунад. Асостарин истифодабарии кафшергарии тилло ин соҳаи электроника мебошад, ки аз он кафшери ҷузъиёт ва занҷир, қубурҳои электронӣ ва лампаҳо, нимноқили схемаи интегралӣ дошта сохта мешавад. Вобаста ба аксдиҳӣ ба нурҳои инфрасурх онро барои ҳифзи таҷҳизотҳои кайҳонӣ аз радиатсияи офтобӣ истифода мебаранд. Дар соҳаи химия бошад тилло ҳамчун катализаторҳо истифода мешавад. Бо таври анъанавӣ бошад, бо миқдори зиёд дар соҳаи заргарӣ истифода бурда мешавад. Ба сифати хӯлаи заргарӣ бо таркиби Au-Ag-Сu хизмат мерасонад, ки метавонад боз дар худ металлҳои руҳ, никел, кобалт ва паладиро дошта бошад.
Нуқра – ба монанди тилло, нуқра хусусияти хуби техникӣ дорад, аз ин лиҳоз дар соҳаҳои техникӣ хеле зиёд истифода мегардад. Нуқра бо хосияти хуби гузаронандагии барқ, гармӣ ва аксдиҳии зиёд аз дигар металлҳо фарқ мекунад. Аз хӯлаи нуқра, кадмий ва индий меҳвари идоракунанда дар техникаи атомӣ сохта мешавад. Нуқраро инчунин, барои истеҳсоли хӯлаи зиддифраксионӣ дар соҳаи тиб истифода мебаранд. Инчунин нуқра бо хусусияти бактериявии худ машҳур аст, ки барои тоза кардани обҳои нӯшокӣ истифода мешавад. Хосияти каталикии нуқра ва омехтаҳои он барои гирифтани як қатор ҷисмҳо лозим аст. Бо таври анъанавӣ бошад, истифодабарии нуқраро дар заргарӣ, омодасозии зарфҳо, моделҳои пайкараҳо, асбобҳои колексионӣ истифода мебаранд.
Металлҳои нодир. Дар гуруҳи якуми конҳо металлҳои нодир (Li, Сs, Ве, Nb, Та, Zr) дар минералҳои хосаи худ вомехӯранд. Миқдори зиёди минералҳои дорои металлҳои нодир маълуманд, аммо танҳо қисми ками онҳо ҷамъшавии саноатиро ташкил медиҳанд. Дар як кон одатан якҷанд минералҳои дорои металлҳои нодир вомехӯранд.
Дар гуруҳи дуюми конҳо металлҳои нодирро ҳангоми коркарди ҳамроҳ бо дигар канданиҳои фоиданок ҳосил мекунанд. Манбаъҳои ашёи хоми металлҳои нодир ҳангоми истихроҷи ҳамроҳи маъданҳои металлҳои ранга – мис, молибден, сурб, руҳ, қалъагӣ, алюминий мебошанд. Аз чунин маъданҳо Вi, Ge, Gа, In, Re, Se, Те, Tl, Cd ҳосил мекунанд. Германийро инчунин аз ангиштсангҳои бур, гафний ва рубидийро ҳангоми коркарди маъданҳои металлҳои нодир ва ванадийро аз маъданҳои оҳан ва титан низ ҳосил мекунанд. Ин металлҳои нодирро бисёр вақт пароканда меноманд. Минералҳои онҳо фавкулкам буда, ҷамъшавии саноатиро ташкил намедиҳанд.
Айни замон, дар қаъри замин захираҳои ашёи хомро дар муқоиса бо сатҳи истифодаи ҳозиразамони онҳо барои аксарияти металлҳои нодир беканор ҳисобидан мумкин аст. Дар Точикистон ба истеҳсоли маҳсулоти металлҳои нодир Ҷамъияти сахомии кушодаи “Комбинати фузулоти нодири Ленинобод”, Ҷамъияти сахомии кушодаи “Тамохуш” заводи гидрометаллургии Исфара ва Корхонаи воҳиди давлатии “ Фузулоти нодири Тоҷикистон” машғул буданд, ки айни замон то 10-15% иқтидори истеҳсолиашон кор мекунанд.
Истифодаи металлҳои нодирзаминӣ. Металҳои нодирзаминӣ барои истеҳсоли компонентҳои гуногуни электронӣ, аз ҷумла смартфонҳо, планшетҳо, телевизорҳо, компютерҳо ва дигар дастгоҳҳо лозиманд. Онҳо дар истеҳсоли системаҳои радарӣ, техникаи навигатсионӣ ва дигар технологияҳои ҳарбӣ, аз ҷумла лазерҳо ва системаҳои аслиҳаи дақиқ, инчунин дар дастгоҳҳои оптикӣ (камераҳо, телескопҳо, спектроскопҳо) муҳиманд. Неодим ва диспрозий компонентҳои муҳими истеҳсоли магнитҳое мебошанд, ки дар муҳаррикҳои электрикӣ истифода мешаванд, аз ҷумла онҳое, ки дар электромобилҳо ва мошинҳои гибридӣ мавҷуданд. Магнитҳои неодимӣ яке аз пурқувваттарин магнитҳо мебошанд ва дар дастгоҳҳои гуногун, аз баландгӯякҳо то дастгоҳҳои тиббӣ (дар сканерҳои MРТ) истифода мешаванд.
Талабот ба металлҳои нодирзаминӣ аз ҳисоби рушди технологияҳои марбут ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, электромобилҳо, инчунин такмилёфтаи электроника афзоиш хоҳад ёфт. Ба ин муносибат саъю кушиши чустучуи конхои нав, коркард ва азхудкунии маводҳои алтернативӣ дар оянда роли асосӣ мебозад.
Ш.Х. Назарова
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,

 
                                   
                                   
                                  