Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори баланди ватандорӣ таъкид намудаанд, ки «Омўзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрўзу фардои ҳар як кишвару ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ў вобаста аст. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омўзгорон саҳмгузоранд».
Муаллим, омӯзгор – вожаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас аст. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад.
Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад.
Тавре гуфтаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии одамон аст. Тавре ки мухандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонанд ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад.
Ҳамасола рўзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омўзгорон – Рўзи муаллим ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашни фархунда ба рўзҳое рост омад, ки тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рўҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омўзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омўзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омўзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.
Устодони азиз, бо ин таманниёти нек Рўзи омўзгорро бароятон, табрик гуфта, хоҳони онам, ки ҳамеша сиҳату саломат бошед, комёбиву муваффақиятҳо ҳамеша ёратон бошад!
Раҳимова Шаҳнозахон
муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

