Шоми имрӯз декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин аз хобгоҳи рақами яки донишкада боздид намуда, бо донишҷӯён мулоқот намуданд.
Нахуст декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддин аз ҳар як ҳуҷраи донишҷӯён дидан карда, бо тарзи зисту зиндагонӣ, шароити буду боши донишҷӯён шинос шуда, сипас дар саҳни алоҳида бо донишҷӯёни факултет, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, мулоқот намуд.
Профессор Қозизода Камолуддин дар мулоқот бо донишҷӯён сараввал дар бораи риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ, тозаву озода зистан, машғул шудан ба варзиш, мутолиаи асарҳои бадеӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, риояи одобу ахлоқи инсонӣ, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки зиндагии мустақили донишҷӯ аз ҳамин хобгоҳ оғоз мешавад ва Шумо донишҷӯён бояд бештар хонед, вақти худро бо мутолиаву асарҳои зарурӣ сарф намоед, маълумоти бештар дар бораи касби худ дошта бошед, аз китобхонаи хобгоҳ, аз майдончаҳои варзишӣ истифода намоед. Забонҳои хориҷиро омӯзед, ҳушёру зирак шавед, ватанро дӯст доред ва барои ташаккули шахсияту ҷаҳонбинии хеш бештар илм омӯзед, аз омӯзгорон машварат пурсед. Як дақиқа вақти хешро беҳуда масраф насозед, чунки ҳар лаҳзаи беҳуда аз даст рафтаи имрӯз баъдан ба сол баробар мешавад. Дертар мефаҳмед, ки вақти худро чаро дар вақташ самаранок истифода набурдеду дигар баргардонида намешавад. Имрӯз вақт ҳаст, беҳтарин шароит ҳаст, илм омӯзед, забон омӯзед, китоб хонед, то фардо дар зиндагӣ муваффақ гардед…
Ба донишҷӯён ҷиҳати дуруст истифода намудани таҷҳизоти хобгоҳ, истифодаи дуруст аз ошхона ва муаддабона зиндагӣ намудан, самаранок сарф намудани вақт машварат дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар мулоқоти имрӯза, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолуддинро муовини декани факултет оид ба корҳои тарбиявӣ Саидов Анвар, мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Холов Зафар, мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов Аҳрор ва дигар омӯзгорон ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот


