Имрӯз декани факултети металлургия бонуи фаъолу ғамхор Собирова Шукриниссо аз хобгоҳи рақами яки донишкада боздид намуда, ба ҳар як утоқ ташриф бурда, аз ҳолу аҳволи донишҷӯён хабар гирифта, аз тарзи зисту зиндагонии донишҷӯён огоҳ гардида, бо ҳар як бошандаи хобгоҳ модарвор суҳбат намуда, машваратҳои муфиду арзишманд дод.
Декани факултети металлургия Собирова Шукриниссо, ки худ яке аз бонуҳои пешгом, омӯзгори ботаҷриба ва зани ҳалиму хоксор ва ғамхор аст, зимни боздид аз ҳуҷраҳои донишҷӯён бо онҳо суҳбати ошкоро баргузор намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки вақт, риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ, истифода аз китобхонаи хобгоҳ, ширкат дар маҳфилу чорабиниҳое, ки дар хобгоҳ баргузор мешавад, истифодаи оқилонаи телефонҳои ҳамроҳ, машғул шудан ба варзиш, дуруст ва боэҳтиёт истифода намудани таҷҳизоти хобгоҳ, тозаву покиза нигоҳ доштани ҳуҷраҳои истиқоматӣ, дӯсту бародарвор зистан дар хобгоҳ, рафтори дурусти инсони нишон додан, бештар машғул шудан ба омӯзиш, рафтан ба маҳфилу курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, тозаву озода либос пӯшидан, зуд-зуд бо волидайн тамос гирифтан, ба қадри лаҳзаҳои ширини донишҷӯӣ расидан, ватанро дӯст доштан ва ғайра ба донишҷӯён машваратҳо дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар мушкиле дар роҳи омӯзиш ва азхуд кардани илму дониш доред ба мо омӯзгорон муроҷиат намоед, то мо омӯзгорон тавонем бароятон мусоидат намоем…
Ёдовар мешавем, ки декани факултети металлургия Собирова Шукриниссоро муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Бақоев Беҳзод, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷон, мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт, мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ Илҳомзода Армон ва омӯзгорони кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз ва Эшонқулов Э. ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот
