Баргузории дарси кушоди омӯзгор Юсупов Саидакрамхоҷа

Дар кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ дарси кушоди омӯзгори фаъол ва мутахассиси варзида дотсент Юсупов Акрамхоҷа аз фанни “Графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ширкат намуданд. Юсупов Саид-Акрамхоҷа дар мавзуи “Нақшаи комплексии нуқта ва хати рост” дарс гузашта ба ҳозирин ба пуррагӣ мавзуро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф зимни дарсгузарӣ аз лавозимот ва аёнаиятҳову барномаҳои соҳавӣ истифода бурда, дар шакли нав дарсро гузашт, ки ба кули ҳозирин писанд омад.

Ҳайати профессорию омӯзгорӣ ба тарзи дарсгузарӣ ва фаҳмонидани мавзуъ аз ҷониби омӯзгор Юсупов Саид-Акрамхоҷаро  баҳои баланд дода, барояш ҷиҳати пешниҳоди тарзи нав ва методи хоси ӯ миннатдорӣ баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот