Таҷдид ва таъмири толори Шурои олимони донишкада

Бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ толори Шурои олимони донишкада дар оғози соли нави хониш аз нав таъмиру таҷдид карда шуд. Курсиҳои нишаст ба  рангу ороишоти нав насб карда шуд ва ҳамзамон фарши толор аз нав поккорӣ карда шуд, ки дар ин бора муовини аввали ректор Давлатзода Давлат иттилоъ дод. Мавсуф иттилоъ дод, ки минбаъд тибқи дастуру супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ кулли толорҳо ва маҷлисгоҳи донишкада аз сари нав таъмиру таҷдид карда мешаванд.

Шуъбаи иттилоот