
Шоми имрӯз декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ мулоқот намуд.
Мавсуф, роҷеъ ба риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ, истифода аз китобхона ва фаъолона ширкат намудан дар чорабиниҳои хобгоҳ сухан ронда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар хобгоҳ бо фарҳанги волои инсонӣ зиндагӣ намоянд ва бо дигар донишҷӯён дӯстиву рафоқат барпо намуда, бародарона зиндагӣ кунанд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём суханронӣ карда, аз ҳолатҳо ва танбеҳҳои мавҷуда ба донишҷӯён гуфт.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳар донишҷӯе, ки қоидаи буду бошро дар хобгоҳ вайрон мекунад, аз хобгоҳ озод карда мешавад.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз суханронӣ карда, ба донишҷӯён ҷиҳати муваффақ шудан дар омӯзиш машварат дод.
Шуъбаи иттилоот
