
Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрванд баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Манижахон Д. ширкат намуда, арзи шаҳрванд Саидов Хушнудро баррасӣ намуданд.
Тибқи муқаррарот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аризаи шаҳрвандро мавриди омӯзиш қарор дода, талаби шаҳрванд аз рӯи талаботи қонун қонеъ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон баргузор мегардад ва шаҳрвандон тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат метавонанд, муроҷиат намоянд.
Шуъбаи иттилоот
