КИТОБОШНОӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз муовини аввали ректор Давлатзода Давлат тибқи супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯёни бахши якуми факултаи металлургия ва зеҳни сунъиро ба китобхона даъват намуда, ба онон дар бораи фарҳанги истифода аз китобхона, аъзо шудан ба китобхонаи донишкада, истифода аз китобҳои мавҷуда, китобдӯстӣ, истифода аз адабиёти бадеӣ, мутолиа асарҳои нодир, хондани маҷаллаву рӯзномаҳо ва истифода аз китобхонаи электронӣ сухан намуда, бар онон манфиати китобхонӣ ва китобдӯстиро шарҳ дод.
Зимни муаррифии китобҳо ба донишҷӯён дар китобхона Давлатзода Давлат изҳор дошт, ки китоб беҳтарин дӯст, китоб беҳтарин рафиқ, китоб беҳтарин раҳнамо аст барои Шумо донишҷӯёни азиз, аз ин хотир Шумо бояд бо китоб дӯстӣ намоед, китоб хонед. Мутолиаи китоб шуморо ба мақсад мерасонад!
Ёдовар мешавем, ки дар ин маъракаи КИТОБОШНОӢ муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ беҳтарин муаллимаи донишкада, беҳтарин олима, беҳтарин бону ва зеботарин модар, ғамхортарин муаллима, ифтихори муассиса номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Собирова Шукриниссо ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов