
Имрӯз, бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ба илмомӯзӣ ва фаҳмидани ҳоли донишҷӯён муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо донишҷӯёни факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ вохӯрӣ намуд. Муовини аввали ректор Давлатзода Давлатро дар ин мулоқоту вохӯрӣ декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Собирова Шукриниссо, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон, мудири кафедраи экология Ҳоҷибоев Далер ҳамроҳӣ намуданд.
Давлатзода Давлат дар вохӯрӣ аз ғамхории падаронаву талошҳои пай дар пайи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи маориф сухан ронда, изҳор дошт, ки Шумо донишҷӯён бояд ҳамеша илм омӯзед, забонҳои хориҷиро омӯзед, хубу аъло хонда мутахассис шаведу бар давлату миллат хидмат намоед. Чунки ҷавони донишманд, забондону ҳунарманд ин захираи тиллоии давлату миллат мебошад!
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои вазири арҷманду муҳтарам Шералӣ Кабир, роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар симои ректори муҳтарам профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ доимо талош менамоянд, ки тамоми шароитро фароҳам оваранд, то Шумо донишҷӯён ягон камбудие надошта бошеду доимо омӯзед ва ҳамчун мутахассиси варзида ба камол бирасед.
Имрӯз, банда бо супориши ректори муҳтарами донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба назди Шумо омадам, то аз ҳолу аҳволатон бипурсам, аз шароити таълим огоҳ шавам ва то ҳадди имкон бароятон шароит фароҳам оварам, машварат бидиҳам, роҳнамоӣ созам…
Дар мулоқоту вохӯрӣ донишҷӯён ба муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ваъда доданд, ки ҳамарӯза барои омӯзиш вақти хешро сарф менамоянду ҷаҳд мекунанд, то мутахассиси хуб шаванд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов