ДИФОИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ХУҶАСТА БОД УСТОД ҲОҶИЕВ САИДМУҚБИЛ!

Имрӯз мудири кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ олими ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил дар Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ дар Шӯрои 6DKOA-042 рисолаи доктории хешро дифоъ намуданд, ки ин ҳам дастоварди беназир барои илм ва ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.

Ҳоҷиев Саидмуқбил аз беҳтарин омӯзгорон ва олимони донишкада аст, ки саҳми арзандаи хешро дар тарбияи насли ҷавон мегузоранд ва маҳз зери роҳбарии ин ҷавонмарди илмдӯст бо машварати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ 8 озмоишгоҳи наву замонавӣ таъсис дода шуд.

Мо бар устоди ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил барору муваффақият ва дар пешбурди корҳои илмӣ пирӯзӣ таманно менамоем.

Бори дигар ин муваффақияти илмӣ хуҷаста бод, муҳтарам ҲОҶИЕВ САИДМУҚБИЛ!

Шуъбаи иттилоот