
Имрӯз, бегоҳӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз хобгоҳи рақами яки донишкада боздид намуда, аз ҳоли донишҷӯён хабар гирифтанд. Барои боз ҳам наздиктар шудан аз аҳволи донишҷӯён ба яке аз ҳуҷраҳои намунавии беҳтарин даромада, бо донишҷӯён сари хони нишаста, суҳбат намуданд.
Дар ин вохӯрӣ ва мулоқот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Розиқов Абдусамад, декани факултети электромеханика Қозизода Камолуддин, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Собирова Шукриниссо, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой ва дигар мудирони кафедра ҳамроҳӣ намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба таълиму тарбия, роҷеъ ба тарзи зисту зиндагии муаддабона дар хобгоҳ, истифода аз китобхонаву толорҳои фарҳангии хобгоҳ, истифода набурдани нӯшокиҳои зараровар ба саломатӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки донишҷӯ бояд мақсади асосияш нағз хондан бошад. Аз ин лиҳоз ҳар нафаре, ки мехоҳад хонад, омӯзад, мутахассис шавад, ман ҳамчун роҳбар омодаам чӣ ёрмандие лозим шавад, мусоидат мекунам. Ман ба ҳар яки Шумо донишҷӯён ҳамчун фарзанди худам эҳтиром дорам.
Ҳамчунин дар ин мулоқот муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки риояи қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ, нишон додани рафтори намунавӣ баҳои шахсии донишҷӯ мебошад. Мавсуф изҳор дошт, ки донишҷӯён бояд хонанду нисбати моликияти давлатӣ беэътибор набошанд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ декани факултети электромеханика Қозизода Камолуддин суханронӣ намуда, донишҷӯёнро барои хубу аъло хондан, риояи қоидаҳои зист дар хобгоҳ ва будубоши хубу бе зарар талқин намуд.
Дар интиҳо ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки ҳини истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушёр бошанду интернетро самаранок истифода баранд.