
Шоми имрӯз, бо супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо ҳамроҳии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой ва мудирони кафедраву сардорони шуъбаву сохторҳо бо донишҷӯён дар хобгоҳ мулоқот намуданд. Муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба донишҷӯён роҷеъ ба қоидаҳои буду бош дар хобгоҳ, риояи гигиенаи шахсӣ, тарзи дурусти муносибат, истифода аз варзишгоҳу тамрингоҳҳои донишкада, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода аз китобхонаи электронӣ сухан ронда, ба ҷавонон барои рушди шахсият, тарбияти бадан, самаранок гузаронидани вақт машварат дод.
Мавсуф изҳор дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарияти донишкада имрӯз тамоми шароитро барои Шумо ҷавонон фароҳам овардаанд, то Шумо хонеду илм омӯзед, мутахассис шавед, пас бояд аз шароит истифода бурд ва барои комилсозии худ, донишомӯзии хеш талош намоед. Ҳамин лаҳзаро ғанимат дониста, дониш омӯз, инсонсор зистанро ёд гиред.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур ба хотири истифодаи дуруст аз бинои хобгоҳ, бедор намудани ҳисси хештаншиносии ҷавонон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов