
Имрӯз дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ бо ширкати кормандони Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзуи “Баланд бардоштани маҳорати соҳибкории хурд байни ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳо” бо ширкати донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар нахуст мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон перомуни рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи иқтисодиёт, рушди соҳибкорӣ, дастгирии давлатӣ суханронӣ карда, мавзуъ ва масъалаҳои баррасишавандаро ба ҳозирин ташреҳ дод. Сипас, намояндагони Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” Умарова Муслимахон ва Ҳоҷизода Ширинмоҳ роҷеъ ба мавзуи Баланд бардоштани маҳорати соҳибкории хурд байни ҷавонон ва дарёфти истеъдодҳо” суханронӣ карда, бо донишҷӯён мулоҳизаронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар мизи мудаввар омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ фаъолона ширкат намуда, андешаҳои хешро ҷиҳати рушди соҳибкории хурд иброз доштанд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов