
Имрӯз дар толори хурди донишкада бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ амалӣ таҳти унвони “Асарҳои Пешвои миллат ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи давлати тоҷикон” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Аминҷонова Мавлудахон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ибтидо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар шинохт ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад. Маҳз заҳматҳо ва талошҳои ин абармарди арсаи сиёсат, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати тоҷикон аз нестӣ наҷот дода шуду миллат аз нобудӣ раҳо ёфт. Фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як мактаби бузурги давлатдорӣ дар шароити муосир мебошад. Мавсуф изҳор дошт, ки барои омӯзиши таърихи миллати тоҷик ва тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ Роҳбари хирадманди кишвар бисёр ҳам талошҳои зиёд намуданд ва як қатор асарҳои мондагор низ офариданд, ки ин ҳам заҳмати бисёр ҳам бузург мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш чунин таъкид доштаанд: “Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рўҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рўй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рў овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробар ба чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомўзи таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешоруйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд”.
Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён мутолиа ва аз худ намудани осори гаронарзиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавсия дода, изҳор доштанд, ки дидгоҳи Роҳбари давлат ва руҷӯи он кас ба мавзуот куллан фарқ дошта, мактаби нави пажӯҳиширо муаррифӣ месозад…
Ҳамчунин дар маҳфили илмӣ донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 510201-01 Бобомирзоев Беҳзод дар мавзуи “Асарҳои Пешвои миллат ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи давлати тоҷикон” суханронӣ намуда, аз чанд асари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибосҳо оварда, роҷеъ ба фарогрии мундариҷаи он гуфта гузашт.
Дар интиҳо мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ карда, оид ба нақш, ҷойгоҳ ва мақоми асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша кард.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси кафедраи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
М. Саидов