Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон Сафарзода Умедҷон, сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Бӯстон Қодирзода Наврӯз, муовини аввали ректори донишкада дотсент Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Каримова Шаҳноза ва дигар кормандони мақомот, омӯзгорону донишҷӯён ҳамоиши сатҳи баланди меҳандорӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсаду мароми чорабинӣ, барнома ва ҳадафи он ва дар бораи меҳандӯстӣ сухан ронд. Сипас, сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстон Сафарзода Умедҷон дар бораи риояи тартибу низом, қоидаву қонунҳои амалкунанда, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим, илмомӯзӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, сухан ронда, изҳор дошт, ки ҳар як амали ғайриқонунӣ ба шаклгирии шахсият таъсири манфӣ мерасонад…
Ҳамчунин дар ин ҷамъомад сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Бӯстон Қодирзода Наврӯз суханронӣ карда, дар бораи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, тафаккури миллӣ, шуҷоатмандӣ, илмомӯзӣ, зиракиву ҳушёрӣ, омӯзиши таърихи гузашта, эҳтироми гузоштан ба қаҳрамонони миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани забони давлатӣ, парҳез аз ҳама гуна амалҳои нодурусти инсонӣ, наафтодан ба доми тассубгароён, зарару зиёни хурофотпарастӣ, оқибати ифротгароӣ, оқибати дарсгурезиву дарсшиканӣ, касофати фарди бедониш ва беилм, зиёни гурӯҳҳои ифротӣ ба рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолияту якпорчагӣ ва тарбияи инсонӣ чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд. Мавсуф изҳор дошт, омӯзиши илму дошт, машғул шудан ба варзиш ва омӯхтани касбу ҳунар аз вазифаҳои аввалиндараҷа барои Шумо донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат суханронӣ карда, нахуст ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои бедориву ҳушёрии насли ҷавон замина мегузорад ва аз ҷониби дигар ин мулоқотҳо насли ҷавонро боз ҳам устувор ва хештаншинос менамояд.
Мавсуф изҳор дошт, ки бо талошҳову хидматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти Тоҷикистон устувор гардиду таҳким ёфт ва вазифаи мо ҷавонон аст, ки бо дилу нияти пок ва содиқона хидмат намуда, Истиқлолият ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Дар интиҳо мулоқоти ошкоро ва озоди донишҷӯён бо намояндагони мақомот баргузор гардид.
Шуъбаи иттилоот