Имрӯз бо фармоиши ректори муҳтарами донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз модарони ғамхору дилсӯз, яке аз бонувони ОН
Имрӯз дар Донишкада бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегиилмдӯсту меҳандӯст, яке аз бонувони покниҳод ва собиқадори донишкада, собиқ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, профессор Аминҷонова Мавлудахон мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ таъйин карда шуданд.
Муаллима Аминҷонова Мавлудахон аз бонувони пешгом ва собиқадор дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши бориз доранд.
Мо, муаллимаи арҷмандро барои таъйин шудан ба ин маснад табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва бурдбориҳо таманно менамоем.
Масъулияти навбатӣ хуҷаста бод, муаллимаи арҷманд!