
Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Зан-модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони кишварро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасад. Дар ин раванд дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми сиёсии занро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуд. Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як қатор қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд. Ҳадаф аз қабули санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зикргардида ва тақвияти бештари омилҳои мавҷуда таъқиди як иқтибоси таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин фурсати муносибу арзанда хеле ба мавриду саривақтӣ мешуморем: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, сарвари муваффақ, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, муррабии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон, нақши занон ҳамеша нақши ҳалкунанда ва таъсиррасон буд. Аз замонҳои қадим то имрӯз, занон ҳамчун муаррифони фарҳанг, илм, маориф ва давлатдории миллии тоҷикон саҳми беназир доранд. Воқеан, дар баробари мардон, занон низ дар рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд. Хусусан, дар марҳилаи барқарории мустақилият ва ташаккули давлатдории нав, саҳми занон хеле назаррас буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи занони оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ бо заҳмату талошҳои пайгирона дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо доранд. Имрӯз занони тоҷик аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлату ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти ҷомеа, тараққиёти иқтисодӣ, рушди илмӣ-фарҳангӣ ва мавқеи баланди иштироки бевоситаи занон дар ин самтҳо ба занони кишварҳои дигар қисса мекунанд.
Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ як қатор дигаргуниҳое ба амал омаданд, ки ҳар яки онҳо чун саҳифаи муборизаву қаҳрамонӣ, хиради баланди инсонӣ ва фарҳанги баланди ҳар фарди тоҷикистонӣ дар китоби таърихи нави тоҷикон сабт хоҳад шуд.
Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сангини рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби ғам кашида буд. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳои душворгузар занони тоҷик аз оғози азнавсозии мамлакат, дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар рӯйдодҳои муҳими кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои давлату ҳукумат ва ғайра нақши муҳим ва созанда доранд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути роҳандозии фаъолияти пурсамари худ исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва нерӯи пешбари бонувони кишвар мебошад.
Аз ин рӯ бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлату ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан баҳри бунёд намудани ҷомеаи солим нақши муҳим мебозанд.
Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо”, “Нақши миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015” тасдиқ гардид, ки баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар баҳри омода ва дастгирӣ намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.
Илова бар ин, дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати духтарон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ бепоён аст.
Қайд кардан бомаврид аст, ки ба тасдиқ расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” заминаи асосӣ дар афзоиши теъдоди занони роҳбар дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ гардид. Бо дастуру нишондодҳои Пешвои миллатро баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои кишвар, омода намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон минбаъд низ роҳандозӣ менамояд.
Аз замони соҳибистиқлолӣ сар карда, олима-занон ҳамчун сипари пойдор ва роҳбари ҷомеа дар рушди илми тоҷик, маориф, тиб, ва фарҳанг фаъолона ширкат карданд. Онҳо бо талоши худ дар соҳаҳои гуногун фаъол шуданд ва барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳм гузоштанд. Бо истифода аз имкониятҳои нав ва донишҳои муосир, онҳо кӯшиш карданд, ки кӯмак кунанд ба бунёди ҷомеаи демократӣ, озод ва тараққикарда.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар, саҳми олима-занонро қадрдонӣ карда, онҳоро барои саҳми худ дар ҷомеа ва рушди кишвар ташвиқ кардааст. Дар замони роҳбарии ӯ, занон бо дастгирии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсати иҷтимоӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, ва иқтисод фаъолона иштирок карданд. Ин дастгирии созмонёфта ба онҳо имконият дод, ки нақши худро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар гардонанд.
Саҳми занон, олимон ва хизматчиёни давлатӣ дар рушди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, равшан аст, ки онҳо ҳамчун қувваи асосӣ ва ҳомии арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштанд. Занон ҳамчун олимон, муҳаққиқон, роҳбарон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар ташаккули давлат ва таъмин намудани мустақилият нақши ҳалкунанда бозиданд. Имрӯз, мо бояд ба онҳо арзи сипос гузорем ва кӯшиш кунем, ки саҳми занон дар ҷомеа ва давлат боз ҳам афзун шавад. Зеро, танҳо дар шароити баробарӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳар як намояндаи ҷомеа, Тоҷикистон метавонад ба сӯи рушди устувор ва ташаккули ҷомеаи демократӣ қадам гузорад.
Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна
мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.п., дотсент