Идомаи боздиди муовини аввали ректор Давлатзода Давлат аз синфхонаҳо ва шароити таълим

Имрӯз низ, бо дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати омӯзиш ва чораандешӣ муовини муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо гурӯҳи корӣ иборат аз муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мирзозода Воҳидҷон, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ  Раҳимова Шаҳнозахон, директори Донишкадаи Конфутсий Азимов Эмин,  декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадов Гули, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, сардори шуъбаи хоҷагидорӣ Азизов Қурбон, сардори бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ Холиқоҷ Абдуғаффор аз синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, кафедраҳо дидан намуда,  ҷиҳати саривақт иваз намудани тахтаҳои синфӣ, мизу курсиҳо, овезаҳо, навиштани овезаҳо бо забони тоҷикӣ, риоя қоидаҳои бехатарӣ дастур дода, ба таври фаврӣ иҷро шудани онро талаб намуд. 

Мавсуф ба як қатор мудирони кафедраҳо изҳори миннатдорӣ баён карда ба як қатор мудирони дигар ҷиҳати як бори андеша намудан ҷиҳати арзанда будан ба вазифаи мудири кафедра фурсат дод.

Дар охир муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат бо масъулон ҷаласа баргузор карда, талаб намуд, ки мудирон бояд масъулият ҳис намоянд ва бояд аз ҳолати синфхонаҳо хабар гиранд ва бо донишҷӯён дар мубоҳиса бошанд, то ҳолатҳои нигаронкунадаро дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои дахлдор бартараф созанд.