ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ИЛМ ВА ТАЙЁР КАРДАНИ МУҲАНДИСОНИ БАЛАНДИХТИСОС

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ маҳсуб мегардад ва эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (барои солҳои 2020-2040) тадбирҳои муассирро андешида истодааст.

Бо ин мақсад олимони кафедраи фанҳои табиӣ-илмии Донишкада ҳамроҳ бо олимони Донишгоҳи кўҳию технологии Чин (Пекин) дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Чин Лоиҳаи муштаракро таҳти унвони «Технологияҳои пешқадами пурсамар ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи бойгардонӣ ва металлургии захираҳои маъдании душворкоркарди тиллову сурмадор» барои коркарди самараноки канданиҳои фоиданок бо истифода аз маводи кимиёвии аз нигоҳи экологӣ камзарар таҳия намуданд. Лоиҳаи муштараки мазкур ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси Ёддошти тафоҳуми тарафайн аз моҳи августи соли 2017 ва Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология пешниҳод гардида, аз озмун гузашт ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин онро тасдиқ намуд.

Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, рушди ин муносибатҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ин ду давлатро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд, ки дар ин миён ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти илму маориф ва саноати истихроҷиву коркарди канданиҳои фоиданок низ тақвият ёфта истодаанд.

Моҳияти Лоиҳаи муштараки мазкур аз таҳияи технологияҳои пурсамари бойгардонӣ ва металлургии маъданҳои душворкоркарди тиллову сурмадор иборат буда, дар доираи он барои оғози корҳои илмӣ-тадқиқотӣ санаи 21 августи соли ҷорӣ олимону мутахассисон аз Донишгоҳи кўҳию технологии Пекин ба донишкадаи мо ташриф оварда, симпозиум оид ба барномаҳои давлатии тадқиқотӣ ва ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи илму техника ва инноватсия доир намуданд.

Симпозиуми мазкурро Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ташрифи меҳмононро хайрамақдам намуд. Пас аз муаррифии иштирокчиён сухан ба муовини проректори Донишгоҳи кӯҳӣ ва технологии Чин (Пекин) Ан Юй дода шуд.

Профессор Ан Юй аз ҳамкориҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки Лоиҳаи мазкур ва чорабинии имрўза на танҳо минбари муҳими мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва навовариҳо мебошад, балки қадами дигаре дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни олимон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвари бародар аст. Тоҷикистон ва Чин дорои иқтидори бузурги захираҳои сурма ва тилло буда, сатҳи корҳои иктишофӣ, истихроҷ ва коркарди маъданиёт  дар ҳоли рушд мебошад. Аз замони пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ин ду кишвари бо ҳам дўст фазои хуби сармоягузориро ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар сатҳи олӣ фароҳам овардаанд. Номбурда иброз намуд, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур ҳамкориҳои илмӣ-истеҳсолӣ бо ҶСП «Талко Голд», ки ба коркарди маъданҳои сурмаву тиллодор машғул аст, ба роҳ монда мешавад.

Баъдан профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ дар баромади худ оид ба зарурати ҳамкориҳои илмӣ дар самти кўҳкорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз коркарди маъдану консентратҳо ибрози ақида намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма дар ҷаҳон дар ҷои сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ҷои аввалро ишғол мекунад. Камарбанди (пояс) симобу сурмаи Зарафшону Ҳисор дар Тоҷикистони марказӣ дорои иқтидори азими металлогении маъдани сурма мебошад, ки дар панҷ минтақаи маъдан паҳн шудааст. Захираҳои асосии ин маъданҳо дар конҳои «Джизикрут» ва «Кончоч» ҷойгиранд.

Барои азхудкунии кони «Кончоч» 15 декабри соли 2017 КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва «Ширкати саноати куҳии Ҳуаюй» (Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd)-и Чин «Созишнома дар бораи ширкати муштарак»-ро имзо карданд, ки баъдан он бо саҳми 50 ба 50 ба ҶСП «Талко Голд» – ба ширкати муштараки Тоҷикистону Чин табдил ёфт.

Қайд гардид, ки сохтмони корхонаи маъдантозакунии ҶСП «Талко Голд» соли 2018 оғоз гардида, соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳомии «Тибет Хуаюй» 138 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардидааст.

Сипас менеҷери Лоиҳа аз тарафи Донишгоҳи кўҳию технологии Пекин – муовини декани факултети химия ва ҳифзи муҳандисии муҳити зист, профессори фахрии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Дэн Цзюшуай дар баромади худ оид ба зарурат ва нақшаи амалисозии Лоиҳаи муштарак ибрози ақида намуд. Таъкид гардид, ки байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои илму маориф ва коркарди маъдан Созишномаҳои зиёд ба имзо расидаанд, ки заминаи мусоидро барои амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ-техникӣ таъмин менамоянд. Аз ин рў, шароити мусоиде фароҳам омадааст, ки барои тайёр намудани муҳандисони соҳаи кўҳкорӣ, таҳияи технологияҳои «сабз» ва инноватсионии коркарди маъданҳо ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири илмӣ дар истеҳсолот дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд бо Донишгоҳи кўҳию технологии Чин (Пекин) Коллеҷи тайёркунии амиқи муҳандисӣ таъсис дода шавад.

Дар муҳокимарониву баррасиҳои илмии Лоиҳаи муштарак ва пешниҳоди профессор Дэн Цзюшуай менеҷери Лоиҳа аз тарафи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон – дотсенти кафедраи экология Ҳоҷиён М.Қ., иштирокчиёни Лоиҳа – Насриддинов З.З., Ҳоҷизода С.Қ. ва Муҳамадиев А.Н. иштирок намуда, дар марҳалаи аввал ба тасвиб расондани Созишномаро оид ба таъсиси Коллеҷи муҳандисӣ ба мақсад мувофиқ донистанд.

Баъдан аз тарафи муовини проректори Донишгоҳи кӯҳӣ ва технологии Чин (Пекин) Ан Юй ва Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ Созишнома дар бораи таъсиси Коллеҷи тайёркунии амиқи муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои кўҳии сабз ва зеҳнӣ ба тасвиб расид.

Дар ҷамъбасти симпозиуми мазкур профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ иброз намуданд, ки Лоиҳаи муштараки илмии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Донишгоҳи кӯҳию технологии Чин (Пекин) ва таъсиси Коллеҷи муҳандисӣ на танҳо қадами ҷиддӣ дар самти таҳқиқоти илмӣ ва рушди технологияҳои муосир маҳсуб меёбад, балки заминаи муҳими таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои стратегии илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин низ мебошад. Умед аст, ки татбиқи босамари ин лоиҳа ба таҳияи ҳалли илман асосноки масъалаҳои марбут ба коркарди маъданҳои душворкоркард, баланд бардоштани иқтидори илмӣ-тадқиқотии муассисаҳои мо ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳоҷиён Мирзошокири Қосимпур 

Дотсенти кафедраи экология, менеҷери Лоиҳа