
Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Маркази Амрикоӣ дар Хуҷанд”, ки бо дастгирии молиявии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, вохӯрии иттилоотии судманд баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Ҳамоҳангсози лоиҳа хонума Шокирова Фарангис, намояндаи Сафорати ИМА ҷаноби Крист, инчунин волонтёрони фаъоли марказ иштирок намуда, ба донишҷӯёни донишкада оид ба имкониятҳои таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида, роҳҳои дарёфти бурсияҳо, омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар доираи курсҳои ройгон ва дигар имкониятҳои таълимӣ маълумоти муфассал ва зарурӣ пешниҳод намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва муколимавӣ баргузор гардида, саволу ҷавобҳои гуногун миёни донишҷӯён ва меҳмонон доир гардид. Ин гуна чорабиниҳо ба густариши ҷаҳонбинии донишҷӯён ва баланд бардоштани сатҳи донишашон оид ба имкониятҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Донишкада миннатдории худро ба ташкилкунандагон ва меҳмонон барои ташкили чунин вохӯрии муфид изҳор менамояд ва умедвор аст, ки ҳамкорӣ дар доираи лоиҳа дар оянда низ идома меёбад.
МирсаидоваФ.А.
Сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ