ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Муҳтарам Раҳимзода Ҳаёт!

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шуморо аз самими қалб ба муносибати ба даст овардани дипломи номзади илмҳои техникӣ табрик мегӯяд!

Ин дастоварди назаррас гувоҳи талошу заҳматҳои пайваста, донишандӯзии амиқ ва садоқати Шумо ба илм мебошад. Бо ин комёбӣ Шумо дар роҳи рушди илмҳои техникӣ ва таҳкими нуфузи илмии кишвар саҳми арзанда мегузоред.

Умед дорем, ки минбаъд низ бо натиҷаҳои арзишманди илмӣ ва фаъолияти пурсамаратон дар соҳаи илм ва истеҳсолот парчами фахри илми ватаниро баланд нигоҳ хоҳед дошт.

Бароятон саломатии комил, муваффақиятҳои пайдарпай ва баракати рӯзгор орзумандем!

 

Раёсати донишкада