
Санаи 10.05.2025 дар синфхонаи №203 семинари илмӣ-назариявии факултети электромеханика баргузор гардид. Семинарро ректори донишкада, д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба аҳамияти ваҳдати миллӣ дар рушди кишвар андешаҳои арзишманд баён намуданд.
Сипас д.и.т., профессор Баҳодуров Ш.Б. дар мавзӯи «Технологияи хушккунии зардолу бо таҷҳизоти офтобию тунелӣ» маърӯза намуда, тарзи самараноки коркарду хушккунии зардолуро дар муҳити деҳот муфассал шарҳ доданд.
Баъдан н.и.и., мудири кафедраи Т ва ТМ Холов З.А. бо маърӯзаи «Усули беҳтар намудани хосиятҳои буррандагии абзорҳои бурранда» баромад намуда, аҳамияти ин усулҳоро дар рушди технологияи мошинсозӣ тавзеҳ доданд.
Инчунин ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Салимова Ф.Н. дар мавзӯи «Нақши фарҳангшиносӣ дар баланд бардоштани арзишҳои миллӣ» маърӯза карда, доир ба фарҳангу таърихи ниёгон ва дастовардҳои даврони истиқлол маълумоти пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Маърӯзаҳо бо слайдҳо ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок баён гардида, таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуданд. Дар анҷом миёни устодон ва олимони ҷавон саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳо ҷавобҳои саҳеҳ дода шуданд.
Умуман, семинари мазкур дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардид.
Холова Ф.Ф.
Муовини декан оид ба илми факултети электромеханика