
Санаи 8 – уми май бахшида ба таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ҳамчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сокинон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт, ки дар он зиёда аз 1200 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Муслимзода Хайём
сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа