ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 7-уми майи соли 2025  дар толори  калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ , омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ  бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас сухани табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шунида шуд. Мавсуф дар бораи хидматҳову қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷик дар ҳифзи ИҶШС сухан ронда, қаҳрамониҳои фарзандони миллати тоҷикро ёдрас шуд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зикр намуд, ки омӯзиши садоқату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо барои наврасону ҷавонон дар ҳимояи марзу буми ватан намунаи ибрат ва дастури зиндагист. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии халқҳоро нишон дода, ба насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, талошу ҷоннисориҳо баҳри пойдории сулҳу субот ва ҳимоят аз марзу буми кишварро омӯзонд. Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳама муваффақият ва сулҳу оромӣ таманно намуд.

 

Инчунин, як қатор омӯзгорону кормандон барои меҳнати софдилона ва натиҷаҳои назаррас дар раванди таълиму тарбия, саҳмгузорӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ ва ба муносибати ҷашни 80- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо Сипосномаву туҳфаҳои хотиравии раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.

Дар интиҳо,  барномаи рангини фарҳангӣ – фароғатӣ бо фарогирии суруду таронаҳо дар васфи Пешвои миллат, Тоҷикистон, Ватан, Модар манзури ҳозирин гардонида шуд.

 

Насриддинов Шаҳбоз

сардори бахши кор бо ҷавонон